Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав гуфтушуниди дабири кулли созмон Николай Бордюжа ва директори Дафтари Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар Русия Энрико Понзиани доир гашт.
Тавре аз котиботи СААД ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷонибҳо маҷмӯи васеи масоили ҳамкории муштарак дар бахши пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳодисаҳои харидуфурӯши одамонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Николай Бордюжа ба Энрико Познани перомуни фаъолияти Шӯрои роҳбарони мақомоти салоҳиятдори таъсисдода оид ба масоили мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар чаҳорчӯбаи созмон ва кӯшишоти муштараки кишварҳои узви созмон дар ин ҷода маълумот дод.
Дар навбати худ Энрико Познани изҳор дошт, ки Дафтари СБМ дар Русия барои баргузории таҳлили таносубии ҳуқуқии меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории кишварҳои узви СААД дар бахши мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва харидуфурӯши одамон бо мақсади муайянсозии ҷавобгӯ будани онҳо ба меъёрҳои байнулмилалӣ омода аст.
Ҷонибҳо натиҷаҳои амалисозии Протоколи ҳамкорӣ, ки миёни СААД ва СБМ соли 2006 ба имзо расида буд, мусбат арзёбӣ намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста