Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дар доираи бурси барномавии саввум барои таҳияи чорабиниҳо бо мақсади рушд Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии буҷаи давлатӣ ба Тоҷикистон 20 млн.
$
ҷудо мекунад.
Дар иттилоияи расмии интишоргаштаи намояндагии бонк дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки «бурси барномавии саввум барои таҳияи чорабиниҳо бо мақсади рушд ба дастгирии ислоҳот дар бахши хусусӣ, идораи бахши давлатӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ равона гардидааст». Бо дархости ҳукумати Тоҷикистон мақомоти раҳбарии бонк ҳаҷми бурсро аз 10 млн. долллари пешбинишуда то 20 млн. $ зиёд кардааст. «Бурси мазкур ба Тоҷикистон барои коҳиши оқибатҳои ногувори бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ихтисос дода мешавад», - оварда шудааст дар иттилоия.
Дар иттилоия ҳамчунин зикр мегардад, ки қабл аз тавофуқ ҳосил кардан оид ба ҷудо кардани ин бурс ҳукумати ҷумҳурӣ дар бахшҳои калидӣ як қатор ислоҳот ҷорӣ сохтааст. Тибқи иттилои бонк, ин саввумин бурсест, ки бонк ҷиҳати дастгирии барномаи ислоҳоти ҳукумат баҳри коҳиши сатҳи камбизоатӣ ҷудо менамояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста