Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов бар чунин назар аст, ки мебояд муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар асоси талаботи бозор ҷорӣ гардад.
Номбурда мегӯяд, Ӯзбекистон дар масъалаи фурӯши газ кайҳо тибқи талаботи бозор амал мекунад ва дар интиқоли барқ, ки кишварҳо мавсимӣ бо ҳам додугирифт доранд, низ мебояд ба чунин тарзи муносибат гузашт. Ёдрас мекунем, ки қаблан Ӯзбекистон дар мавсими тирамоҳу зимистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода, ба ивази он дар мавсими баҳору тобистон аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 900 млн. кВт/соат барқ мегирифт.
Ба ақидаи коршиноси масоили сиёсӣ, чунин иқдом имкон хоҳад дод, ки дар фасли тобистон об захира гардида, он дар фасли зимистон ҷиҳати истеҳсоли барқ истифода гардад ва маҳдудият сабуктар карда шавад. А.Мамадазимов гуфт, дар замони шӯравӣ ба ивази об ҳамсоягон ба мо нафту газ медоданд ва кунун низ бояд чунин таҷрибаро роҳандозӣ намуд, вале бо назардошти манфиатҳои ҳама ҷонибҳо.
Сиёсатшинос чунин мешуморад, ки боздиди ҳайати Ӯзбекистон метавонад дар ин самт гоми нахустин бошад. «Пешравӣ дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли баҳси энергетикӣ миёни кишварҳо муносиботи дуҷонибаро беҳбуд хоҳад бахшид», - афзуд коршинос.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста