Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Кишоварзони мамлакат аз обуҳавои мусоид истифода намуда, фаъолона киштукори баҳории зироати ғалладонагиро идома медиҳанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, то имрӯз аз 135 ҳазор гектари барои соли равон пешбинишуда дар 21,6 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 13,5 ҳазор гектар зиёдтар мебошад. Қобили зикр аст, ки дар мавсими имсола 90 дарсади майдони киштро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд.
Бино ба иттилои манбаъ, киштукор аслан дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав ва Рӯдакӣ ҷараён дошта, дар вилояти Суғд феълан ба киштукор омодагӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, ки дар ҳудуди 216 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд, ки солҳои ахир яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин аст, аммо танҳо 8,5 ҳазор гектари майдони кишт бо нуриҳо ғизо дода шудааст, ки ин нишондиҳанда ҳамагӣ 3,9 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста