Хуҷанд. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дар вилояти Суғд ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ коҳиш меёбад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилоят Содиқ Рустамов хабар дод, дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ ба андозаи 20 дарсад кам шудааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки захираҳои газ коҳиш меёбанд ва коркарди конҳои нави истихроҷ зарур аст. Истеҳсоли нафт бошад, баръакс, 100 тонна зиёдтар шудааст.
Ба гуфтаи С.Рустамов, ҳарчанд дар вилоят моҳи январ ба иллати норасоии ашёи хом, кам шудани талабот ба маҳсулот ва бозистии мавсимӣ 78 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонда бошад ҳам, барои саноатчиён он моҳи бад набуд. «Моҳи январ дар вилоят ба маблағи 73,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст ва суръати афзоиш нисбат ба моҳи январи соли гузашта 111,3 дарсадро ташкил медиҳад», - афзуд ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста