Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Алмаато намояндагони ширкату муассисаҳои таъмини барқи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар семинаре, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (
USAID
) ва Асссотсиатсияи энергетикии ИМА (
USEA
) созмон дода шудааст, масоили имконоти таҳкими боэътимодии низоми хатҳои интиқоли барқро дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Дар семинар масоили насби низоми муҳофизати махсус барои интиқоли барқ дар ҳолатҳои фавқулодда ва ҳаҷми табодули интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистонро тавассути хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Шимол-Шарқ» ба ин кишвар муҳокима мекунанд.
Низоми мазкур барои интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон шароити муосид фароҳам сохта, боэътимодии таъмини минтақаи шимолу шарқии Афғонистон бо барқро муҳайё месозад ва ҳамчунин баҳри тавсеъаи бозори фурӯши барқи кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста