Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холии шаҳри Душанбе, ки субҳи имрӯз дар маркази фарҳангии ҷавонони «Ориёно» ифтитоҳ гардид, ба хоҳишмандон беш аз 1000 ҷойи корӣ пешниҳод мегардад.
Тавре директори биржаи меҳнати назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Абдурозиқ Кабудов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чорабинии мазкур бо ташаббуси кумита ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ сурат гирифт.
Ба гуфтаи Кабудов, биржаи меҳнати ҷавонон дар ярмарка 911 ҷойи корӣ пешниҳод месозад, ки 370 ҷой барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар пешбинӣ гардидааст. «Ҷойҳои корӣ асосан дар ширкатҳои кишоварзии шаҳри Маскав ва вилояти Волгогради Русия мавҷуд аст», - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, дар ярмарка Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилӣ барои бекорон беш аз 200 ҷойи корӣ дар хориҷи кишвар пешниҳод мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста