Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дар машварате, ки рӯзҳои 17-18-уми феврал дар шаҳри Оренбурги Русия баргузор шуд, масъалаи тезонидани корҳои иктишофии конҳои газ дар Тоҷикистон аз ҷониби ҶСК «Зарубехнефтегаз» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре сухангӯи ҶСК «Зарубежнефтегаз» Екатерина Кожевникова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар машварат аз ҷониби Тоҷикистон сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, муовини вазири энергетика ва саноати кишвар Заробиддин Файзуллоев ва сармутахассиси шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Хайруллобек Ғафуров иштирок карданд.
Масъалаи тезонидани корҳои иктишофии конҳои газу нафт дар Тоҷикистон мавзӯи асосии чорабинӣ буд. ҶСК «Зарубежнефтегаз» эълом дошт, ки ният дорад корҳои иктишофиро дар се минтақа – конҳои Сариқамиш, Саргазон ва Ренгон вусъат бахшад ва бо ин мақсад рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон техникаву таҷҳизоти нав равона хоҳад гардид. Дар як вақт инчунин таҷҳизоти пармакунӣ омода гардида, ахири сол пармакунии чоҳҳо дар минтақаҳои санҷидашуда пешбинӣ мегардад. Мутахассисони русиягӣ изҳор доштанд, ки корҳои иктишофу истихроҷи газ дар Тоҷикистон ба иллати дар чуқурии аз 5,5 то
Сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим шароити душвори корҳоро дар ҷумҳурӣ тасдиқ сохта, изҳори боварӣ намуд, ки бо кӯмаки коршиносони пуртаҷрибаи Русия ва технологияи замонавӣ комёбӣ ба даст хоҳад омад.
Дар машварат ҳамчунин зикр гардид, ки ширкати «Газпром» ба иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир сохта, ҷиҳати амалисозии он коршиносони беҳтарини соҳа ва технологияи навтарини пешрафтаро ҷалб месозад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста