Роғун. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - То имрӯз ба шаҳри Роғун аз шумори умумии 1820 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ 1420 нафар сокини шаҳр баргашт.
Тавре муовини раиси шаҳр Файзалӣ Толибов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз муҳоҷирони баргашта 450 нафарашон дар сохтмони иншооти нерӯгоҳи Роғун бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, бинобар солҳои ахир мутаваққиф сохтани нерӯгоҳ шароитҳои манзили зист он қадр хуб нестанд. «Феълан корҳои таъмиру барқарорсозии Маркази барқу гармидиҳии рақами 2 идома дорад ва рӯзҳои наздик хонаҳои сохтмончиён бо гармӣ таъмин хоҳад шуд», - гуфт Ф.Толибов.
Дар ҳамин ҳол, соли равон дар шаҳри Роғун ифтитоҳи коллеҷи нави техникӣ ба нақша гирифта шудааст. Роҳбари маркази шуғли аҳолии шаҳр Шарифамо Ғаюрова мегӯяд, ифтитоҳи коллеҷ мушкилоти зиёдеро ҳал хоҳад кард, зеро имрӯз дар сохтмони иншооти нерӯгоҳ норасоии мутахассисон эҳсос мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста