Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Мӯҳлати мавриди истифода қарор гирифтни агрегати чаҳоруми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки дар таърихи 25-уми феврал пешбнӣ гардида буд, ба муддати номуайян мавқуф гузошта шуд.
Тавре аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мавқуфгузории ба кор даровардани агрегати охирини нерӯгоҳ бар асари саривақт аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик» напардохтани маблағи қарзи истифодаи барқи се агрегати нерӯгоҳ дар соли 2008 мебошад.
Тавре аз мақомоти раҳбарии нерӯгоҳ изҳор доштанд, шояд имрӯз ба Додгоҳи Олии иқтисодӣ аз блдои ширкат барои напардохтани қарз даъво пешниҳод гардад.
Ёдрас мекунем, ки 9-уми феврал ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» оид ба нияти ба додгоҳ муроҷиат кардан аз рӯи ин масъала изҳороти расмӣ пахш карда буд. Дар изҳорот таъкид гардида буд, ки соли гузашта ширкати «Барқи тоҷик» аз истифодаи барқи се агрегати нерӯгоҳ ба маблағи 16 млн. сомонӣ қарздор шудааст, вале сарфи назар аз муроҷиати чандинкарата ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ дар ин хусус, ҳеҷ чорае ҷиҳати ҳалли масъала андешида нашудааст.
Дар изҳорот ҳамчунин гуфта шуда буд, напардохтани қарз вазъи молиявиро дар сохтмон мушкил сохта, метавонад мӯҳлати ба истифода додани агрегати чаҳоруми нерӯгоҳро ба дарозо кашад ва ба пурра сомон бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар иншоот таъсири манфӣ расонад.
Директори генералии ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» Раҳматулло Алжанов изҳор намуд, ки «мо назди ширкати «Барқи тоҷик» ба муддати 10 рӯз мӯҳлат додем, то ҷиҳати пардохтани қарз чораҷӯӣ намояд ва имрӯз мӯҳлати мазкур низ ба охир мерасад». «Мақомоти раҳбарии ширкат аз ин масъала ба хубӣ огаҳанд», - афзуд ӯ.
Маълумотнома:
Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки дар минтақаи ҷанубу шарқии Тоҷикистон бунёд мегардад, лоиҳаи муштаракаи Тоҷикистону Русия маҳсуб гардида, иқтидори чаҳор агрегати он ба 670 МВт баробар аст. Моҳи январи соли 2008 агрегати аввал, 1-уми июл агрегати дуввум ва 6-уми ноябр агрегати саввуми он пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шуд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста