Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сиёсати кадрӣ аз усули «маҳалгароӣ» даст мекашад.
Дар сӯҳбати ихисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҳизб Давлаталӣ Давлатзода изҳор дошт, ки чанд рӯз қабл мақомоти раҳбарии ҳизб тасмим гирифтааст, фаъолияти номзадони ҳизб ҳам дар парлумони кишвар ва ҳам дар маҷлисҳои маҳаллиро мавриди муҳокима қарор диҳад. «То интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ як соли дигар боқӣ монд, аз ин рӯ, моро зарур аст, фаъолони ҳизбро, ки дар оянда бо онҳо кор хоҳем кард, муайян созем», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Д.Давлатзода, дар ҳизб консепсияи нав таҳия гардидааст, ки тибқи он, аз ин ба баъд кадрҳо танҳо аз рӯи усули салоҳиятнокӣ ва касбият интихоб хоҳанд гардид. «Вақти он расидааст, ки ба воқеияти нави замона омода гардем ва масъалаи ҷобаҷогузории дурусту саҳеҳи кадрҳо аз ҳарвақта дида имрӯз муҳимтар аст», - афзуд муовини раиси ҲХДТ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста