Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» -
20 феврали соли 2009 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Киара Бронки ва роҳбари гурӯҳи Бонки мазкур оид ба Лоиҳаи бо обтаъминкунии шаҳри Душанбе ҷаноби Такао Икегамиро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили идомаи татбиқи босуръати Лоиҳаи бо обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки фарогири корҳои бунёди иншооти истеҳсоли маводи гипрохлорити натрий барои безарарсозии оби нӯшокии аз ҷониби КВД «Обу корези Душанбе» ба сокинони пойтахт интиқолшаванда мебошад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки айни ҳол новобаста аз он, ки бо баистифодадиҳии иншооти ҳавзи танзими шабонарӯзӣ мушкилоти сокинон дар робита ба дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ҳалли худро ёфта бошад
ҳам, масоили харидорӣ ва интиқоли хлори моеъ аз хориҷи кишвар дар назди КВД «Обу корези Душанбе» боқӣ мондааст.
Марҳилаи феълии татбиқи Лоиҳа, ки ба ҳалли проблемаи мазкур нигаронида шудааст мавриди таваҷҷӯҳи хосаи шаҳрдорӣ мебошад ва дар сурати маблағҳои пешбинишудаи лоиҳавӣ ба пуррагӣ фаро нагирифтани ҳаҷми корҳои иншооти бунёдшаванда Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе маҳз ба хотири
таъмини амнияти истеъмолии сокинони пойтахт имкон дорад маблағҳои иловагиро ҳиссагузорӣ намояд.
Бо ин мақсад аз ҳар ду ҷониб ҷиҳати баррасии амиқи масъала гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки
рӯзҳои наздик унвонии шаҳрдорӣ пешниҳод ирсол медоранд.
Дар мулоқот тарафҳо ҳамзамон ҷиҳати ҳалли проблемаҳои мавҷуда оид ба масъалаи таъминоти оби нӯшокӣ ва ихроҷӣ бобати дарёфти ташкилотҳои иловагии донорӣ мушаххасоти дар моҳи апрели соли равон баргузории семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Самтҳои стратегии рушди сектори обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар шаҳри Душанбе ва берун аз он»-ро матраҳ намуданд. Дар ин бора сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста