Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи лоиҳаи «Сафарбарии ВАО-и Осиёи Марказӣ ба дастгирии ҳуқуқи занон ва кӯдакон» семинари серӯза ба кор шурӯъ намуд.
Тавре ҳамоҳангсози хадамоти мониторинги Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Воҳидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, семинари мазкур аз ҷониби Бунёди трастии ВВС дар ҳамдастӣ бо Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон ва Маркази захираҳои ВАО-и Қирғизистон дар шаҳри Ош созмон дода мешавад.
Ба гуфтаи А.Воҳидов, шунавандагони семинар дар асоси озмун аз миёни журналистони васоити ахбори умуми чопӣ ва рӯзноманигорони ҷавон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ интихоб гардидаанд ва ба ҳайати ҳар як гурӯҳ рӯзноманигор, аксбардор ва коршиноси ташкилоти ғайриҳукуматӣ шомил мебошанд. «Вижагии кори семинар дар он ифода мегардад, ки шунавандагон воқеан ба фаъолият пардохта, ҳангоми таҳияи мавод ба сафарҳои корӣ мераванд ва пас аз анҷоми семинар, тибқи озмун маводи онҳо баррасӣ хоҳад гардид», - гуфт ӯ.
А.Воҳидов мегӯяд, ғолибон имкони дар мактаби рӯзноманигории шаҳри Екатеринбург таҳсил намуданро пайдо хоҳанд кард. «Минбаъд баргузории чунин семинар барои рӯзномнигорони телевизион ва радио низ дар назар аст», - изҳор дошт А.Воҳидов.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа доир сохтани чунин семинарҳо дар шаҳри Хуҷанд низ пешбинӣ шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста