Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳукумати Тоҷикистон барои харидории тухмии хушсифати пунбадона аз буҷаи давлатӣ 6 млн. сомонӣ маблағ ҷудо намуд.
Тавре сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Саидмурод Баҳриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тухмии пунбадона барои мавсими имсола аз Туркия оварда мешавад. «Бо ин маблағ ҳудуди 360-370 тонна тухмии хушсифати пунбадона харидорӣ мегардад, ки аз ҳар як гектар то 50-60 сентнер ҳосил медиҳад», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки мавсими киштукор чун анъана пас аз таҷлили Иди Наврӯз шурӯъ мешавад. Соли ҷорӣ кишоварзони ҷумҳурӣ ният доранд, дар 200 ҳазор гектар пунбадона кишт кунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста