Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Тоҷикистон 16-умин солгарди таъиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таҷлил мегардад.
Тибқи иттилои расида аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, имрӯз дар тамоми ҷузъу томҳои Артиши миллӣ чорабиниҳои идона баргузор гашта, ба муносибати ҷашн сафороии идона доир мегардад ва сарбозону афсарони пешқадам бо унвону тӯҳфаҳои хотиравӣ қадронӣ карда мешаванд. «Дар маҷмааи Кохи Борбад муҳофизони ватанро намояндагони мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ, вазорати мудофиа ва собиқадорон табрику таҳният гуфта, сипас консерти идона доир мегардад», - гуфт манбаъ.
Соли гузашта зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 15-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ - дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шуданд, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт.
Он замон сарвари давлат таъкид дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум бошанд ва ҳамчун нерӯи тавонои мудофиавӣ ташаккулу такомул ёфта, халқу давлатро боэътимод созанд, ки марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста