Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Асссостсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов бар чунин назар аст, ки бо сафари президенти Тоҷикистон ба Маскав дар муносиботи Тоҷикистону Русия марҳилаи нав шурӯъ мегардад.
Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос изҳор дошт, ки муносиботи дуҷонибаи Русияву Тоҷикистон акнун нишонаҳои воқеъгароёна ва оқилонаро касб карда, назардошти манфиати миллӣ дар меҳвари муносибот қарор хоҳад дошт. «Муносибот чунинанд, ки ҷонибҳо ба ҳамкории дуҷониба шадидан ниёз доранд», - гуфт ӯ.
Сиёсатшиноси тоҷик аз рӯйдодҳои зимни сафари президенти Русия ба Ӯзбекистон рухдода ёдовар шуда, мегӯяд, акнун ҳама чиз возеҳ гардид ва ҷонибҳо эҳсосоти худро изҳор дошта, ҷой танҳо барои ҳамкории мушаххас ва ба ҳарду ҷониб судманд боқӣ мондааст. «Аз ин рӯ, мо аз такони ҷиддӣ дар роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши истихроҷи газ, идомаи иштироки Русия дар сохтмони иншооти гидроэнегетикии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои дигар интизорӣ дорем», - гуфт ӯ.
Ба ақидаи А.Мамадазимов, дар гуфтушуниди қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон атрофи масоили нигаҳдории квотаҳо барои муҳоҷирони тоҷик ва андешидани чораҳо ҷиҳати пурзӯр кардани дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои онҳо табодули афкори ошкоро сурат хоҳад гирифт. «Баррасии масоили ҳамкории минбаъдаи низомиву техникӣ, ки миёни кишварҳо афзалиятнок арзёбӣ мегардад, низ аз эҳтимол дур нест», - афзуд коршноси масоили сиёсӣ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста