Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Фаромадани тарма шоми дирӯз ба ҳаракати нақлиёт дар як қатор роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ монеъа эҷод сохт.
Тавре аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, феълан бар асари тармафароӣ километрҳои 48 ва 70-уми нақби Истиқлол, 185 ва 189-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд (ағбаи Шаҳрипстон) ва 489-уми роҳи мошингарди Душанбе-Рӯшон бо тарма пӯшонида шуда, ҳаракати нақлиёт тавассути он ғайриимкон аст.
Бино ба иттилои манбаъ, то шоми имрӯз ҳамаи қитъаҳои роҳҳо тоза карда мешаванд. Дар ҳамин ҳол, аз Вазорат изҳор доштанд, ки дар муддати як моҳи минбаъд чунин ҳолисаҳо меафзоянд ва ронандагонро зарур аст, эҳтиёт бошанд.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар иттилоъ доданд, ки маълумоте дар бораи зарардидагон дар даст надоранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста