Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Профессори
кафедраи Осиёи Маразии Донишгоҳи ба номи Гумболдт дар шаҳри Берлин Лутс Жехак дар мусоҳиба ба хабарнигори «Мавҷи Олмон» (
Deutsche
Welle
) изҳор доштааст, ки ахиран ба сардӣ гаравидани муносиботи Тоҷикистону Русия падидаи муваққатӣ аст, зеро Тоҷикистон бе Русия буда наметавонад.
Дар идомаи сӯҳбат профессор чунин баён доштааст: «Ба назари ман чунин мерасад, ки сард шудани муносибот бо Маскав ба он марбут аст, ки дар худи Русия феълан самти сиёсати хориҷӣ аз нав тарҳрезӣ мегардад, вале Тоҷикистон бе Русия буда наметавонад ва ҳамаи сиёсатмадорони варзидаи кишвар аз ин огаҳанд. Як замоне ҳатто мехостанд ба забони русӣ низ мақоми давлатӣ диҳанд ва чунин пешниҳодот ҷой дошт. Маъмулан аҳолии кишвар ба Русия дилбастагиву умедвории зиёд дорад ва аз ин рӯ, ин нофаҳмиҳо миёни кишварҳо муваққатӣ аст».
Зимни ибрози назари худ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар маҷмӯъ, профессор зикр кардааст, ки он дар интихоб хеле маҳдуд буда, ба вазъи душвори иқтисод марбут аст ва дар ин росто бо шарикон, аз ҷумла бо Эрон ҳамкориҳо роҳандозӣ мешаванд, ҳарчанд метавон дар бораи наздикшавии Тоҷикистон бо Эрон шартан ҳарф зад. Лутс Жехак чунин мешуморад, ки вазъи душвори иқтисодӣ сиёсати хориҷии кишварро муайян месозад ва Тоҷикистон бо кишварҳое, ки ба рушди иқтисодии ҷумҳурӣ сармоягузорӣ менамоянд, ҳамкориро ба роҳ хоҳад гузошт. Дар ин ҷо се кишвар – Эрон, Русия ва Чин нақши муҳим доранд, ки дар Тоҷикистон лоҳаҳои бузургро татбиқ месозанд. «Иқтисод муайянкунандаи самти сиёсат аст ва аз ин рӯ, наздикшавии Тоҷикистон бо Эрон ва баръакс ба мушоҳида мерасад», - афзудааст профессор.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста