Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳафтаи сипаригашта аз ҷониби вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва намояндаи шӯъбаи тоҷикистонии созмони байнулмилалии «Оперейшн Мерси» Андреа Вогт Ёддошти ҳамкорӣ дар бахши маориф ба имзо расид.
Тавре сухангӯи вазорат Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи барномаи ҳамкорӣ, созмони мазкур ҷиҳати таъминоти макотиби деҳот ва шаҳрҳои Хуҷанду Хоруғ бо асбобу лавозимоти мактабӣ, дастгоҳҳои тасфияи об ва таҷҳизоти варзишӣ кӯмак расонида, ҳамчунин дар таъмир ва ивази мебели кӯҳнаву фарсудаи мактабҳо низ саҳм хоҳад гирифт.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи татбиқи барнома барои такмили ихтисос ба омӯзгорони забони англисӣ, мураббияҳои мактабҳои махсус ва кӯдакистонҳо кӯмак расонида шуда, дар мавсими тобистон ташкили истироҳатгоҳҳо барои кӯдакони ятим ва ғайра дар назар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста