Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ба дастгирии бахши кишоварзӣ камар баста, бо вазорат ҳамкории зич дошта бошанд.
Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев изҳор дошт, ки вазорат ба вокуниш нисбати маводи таҳлиливу танқидӣ дар ВАО омода аст. Ба гуфтаи ӯ, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов зарур мешуморад, ки иштироки рӯзноманигорон дар ҳалли мушкилоти бахши кишоварзӣ ба фоидаи кор аст.
Дар асоси фармони президент «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлиливу танқидӣ дар ВАО» вазири кишоварзии ҷумҳурӣ низ фармонеро ба имзо расонид, ки тибқи он тамоми воҳидҳои сохтории вазорат ӯҳдадор шуданд, оид ба маводи таҳлиливу танқидӣ дар ВАО вокуниш нишон дода, баҳри рафъи камбудиҳои зикршуда чораҳо андешанд ва дар ин бора ҳисобот пешниҳод намоянд.
Н.Додобоев мегӯяд, вазир зикр кардааст, ки вазорат васоити ахбори умумеро, ки бо вазорат ҳамкории пурсамарро ба роҳ мемонад, дастгирӣ хоҳад кард. «Дар навбати худ, бахши кишоварзӣ ба дастгирии ВАО ниёз дорад», - изҳор дошт Н.Додобоев.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста