Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Масъалаи дар Тоҷикистон барҳам додани реҷабандии истифодаи барқ ҳанӯз маълум нест.
Тавре сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, реҷабандии истифодаи барқро метавон танҳо дар сурати ба кишвар ворид гаштани барқ аз кишварҳои ҳамсоя ва афзоиши ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбори нерӯгоҳи Норак барҳам дод. «Феълан ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои ҳамсоя нерӯи барқ ворид намегардад ва мо
танҳо бо имконоту захираҳои худ фаъолият дорем», - гуфт ӯ.
Н.Ёдгорӣ мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 24 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид гаштааст ва ҳатто агар рӯзҳои наздик масъалаи воридоти барқ ба кишвар аз давлатҳои ҳамсоя роҳи ҳалли худро пайдо намояд ҳам, реҷабандии барқ комилан бекор нахоҳад шуд ва танҳо соати истифодаи он тадриҷан афзуда хоҳад шуд.
Дар мавриди шарҳи вазъ дар обанбори нерӯгоҳи Норак, номбурда гуфт, айни замон сатҳи об дар обанбор ба
Ба гуфтаи Н.Ёдгорӣ, ду рӯзи ахир ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбор 160-165 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки ҷиҳати фаъолияти мӯътадили нерӯгоҳ ҷоришавии ҳудуди 500 метри мукааби об дар як сония зарур аст. «Мо умедворем, ки бо гарм шудани обуҳаво ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбор зиёдтар мегардад», - афзуд сухангӯи ширкат.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста