Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо намояндаи Ташкилоти ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Насим Ҷовид масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуданд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар доираи татбиқи лоиҳаи ин ташкилот бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ба аҳолии камбизоат кӯмак расонида мешавад. Зикр гардид, ки дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳа ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи вилояти Хатлон 1 ҳазору 265 тонна тухмии гандум тақсим карда шуд. Ҳамчунин ба хоҷагиҳо боз 2 ҳазору 100 тонна нуриҳои минералӣ чун кӯмак дода мешавад.
Намояндаи ташкилоти СММ аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҷиҳати кӯмаки минбаъда ба бахши кишоварзии кишвар як қатор пешниҳодоти дигар иброз дошт.
Дар фарҷоми мулоқот вазири кишоварзии ҷумҳурӣ ба намояндаи ташкилоти СММ барои кӯмакҳои расонида изҳори миннатдорӣ намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста