Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 24-уми феврал дар ҷараёни гуфтушуниди шахсони воломақоми Намояндагии доимии ҶТ дар СММ бо намояндагони Департаменти СММ оид ба амалиёти сулҳоварии созмон масъалаи таъсиси гурӯҳи нави намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати нерӯҳои сулҳовари СММ баррасӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Намояндагии доимии ҶТ дар СММ хабар доданд, намояндагони департаменти созмон пешниҳод сохтаанд, ки гурӯҳи нави нерӯҳои сулҳовар аз ҳисоби кормандони Вазорати умури дохилии ҶТ бо шумули 30-50 афсар таъсис гардад. «Намояндагони департамент ҷиҳати тайёр кардан ва санҷиши номзадҳо ба гурӯҳ омодагии худро изҳор намуданд», - гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, феълан панҷ намояндаи Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар ҳайати нерӯҳои сулҳовари СММ дар музофоти Дарфури Судон хизмат мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста