Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ дар Тошканд сарони кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон Ислом Каримов ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов изҳор доштанд, ки коҳиши ҳаҷми об ва ҷоришавии он дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ бидуни аудити байнулмилалӣ ғайриимкон аст.

Тавре хабаргузории ИА REGNUM иттилоъ медиҳад, президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов зикр кардааст, Ӯзбекистону Туркманистон зарур мешуморанд, ки ҳангоми бунёди иншооти гидроэнегетикӣ дар рӯдхонаҳои фармарзӣ манфиатҳои кишварҳои поёноб бояд ба эътибор гирифта шавад ва фоҷеаи баҳри Арал муҳим будани ин масъаларо таъкид месозад.

Ислом Каримов пешниҳод намуд, ки таҳти сарпарастии СММ бояд дар сатҳи байнулмилалӣ ташхис гузаронида шавад ва бояд коршиносон мушаххас созанд, ки дар натиҷа ба бахши кишоварзӣ ва экологияи минтақа аз бунёди чунин иншоот то кадом андоза зарар расонида мешавад. «Мебояд манфиатҳои Ӯзбекистону Туркманистон ва Қазоқистонро низ бояд ба назар гирифт, зеро ин кишварҳо мудом аз норасоии об танқисӣ мекашанд», - гуфтааст ӯ.

Дар навбати худ президенти Туркманистон низ изҳор доштааст, ки онҳо ба коҳиши ҳаҷм ва ҷоришавии об дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ муқобиланд. Қ.Бердимуҳаммадов гуфтааст, Туркманистон дар ҳалли ин масъала ҷонибдори истифодаи дипломатияи боздоранда (превентивӣ) аст.

Лозим ба тазаккур аст, ки моҳе пештар муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов изҳор дошта буд, ки сарфи назар аз муқобил будани касе, нерӯгоҳи Роғун бунёд хоҳад ёфт. Зикр гардида буд, ки бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби коршиносони байнулмилалӣ ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун доир гардид ва онҳо ба чунин хулоса расиданд, ки иншооти гидроэнергетикии оянда ҳеҷ хатаре дар пай нахоҳад дошт. «Натиҷаҳои ташхиси байнулмилалиро ҳамаи кишварҳои минтақа, ба ҷуз Ӯзбекистон, ки ду маротиба пешниҳоди Бонки ҷаҳониро бобати шиносоӣ бо он рад кард, маъқул шумориданд», - гуфта буд П.Муҳиддинов.