Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили омодагиҳо ба Наврӯзи 2009 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муқаррар гашт, ки Наврӯзи умумишаҳрӣ 21-уми март, соати 10-00 тариқи камхарҷу сатҳи бойи
фарҳангӣ дар Варзишгоҳи марказӣ ва акнофи фарогири Кӯли ҷавонону Кохи Борбад тавассути намоиши ҳифзу эволютсияи дастовардҳои аҷам зери коргардонии Убайдулло Раҷабов таҷлил карда мешавад.
22-уми март соати 14-00 дар Варзишгоҳи марказӣ чорабинии варзишии гӯштини миллӣ баргузор гардида, дар тамоми боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва шаҳраку маҳаллаҳо сайругашти оммавӣ сурат мегирад.
Бо муқаррар намудани рӯзи Наврӯзи умимишаҳрӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз тамоми сокинони пойтахт даъват ба миён овард, ки то 2-уми марти соли 2009 унвонии шӯъбаи фарҳанги шаҳр (221-66-08)
ё худ дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (221-88-51) пешниҳодҳои худро оид ба чӣ гуна баргузор намудани иди миллӣ ирсол намоянд. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста