Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Тоҷикистон ба узвияти Созмони байнулмилалии ғизо ва кишоварзии «Комиссияи Codex Alimentarius»   пазируфта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти давлатии санитариву эпидемиологии ҷумҳурӣ хабар доданд, Тоҷикистон чун аъзои 180-ум ба Созмони байнулмилалии ғизо ва кишоварзӣ шомил гашт.

Созмони байнулмилалии мазкур байниҳукуматӣ буда, қоидаву тартибот ва меъёрҳои байнулмилалии истеҳсоли маҳсулоти ғизоиро таҳия месозад.