Душанбе. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Интиқоли барқи Туркманистон ва Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ шурӯъ гардид.
Тавре ба ОИ»Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, пас аз гуфтушунидҳои зиёди коршиносони бахши энергеткаи Ӯзбекистону Тоҷикистон барқарор сохтани транзити интиқоли барқи Туркманистон ба ҷумҳурии мо муяссар гашта, дар мулоқоти ахир дар шаҳри Тошканд тамоми ҷузъиёти масоили марбут ба транзити барқи Туркманистон мушаххас гаштаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ба Тоҷикистон аллакай дар ҳаҷми беш аз 9 млн.кВт/соат нерӯи барқ ворид гардидааст, ки тақрибан 8 млн. кВт/соати он ба Туркманистон ва тақрибан 1,5 млн кВт/соат ба барқи Ӯзбекистон рост меояд. «Дар дохили ҷумҳурӣ шабонарӯзи гузашта тақрибан 22 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуд», - гуфт манбаъ.
Дар мавриди ҳаҷми умумии воридоти нерӯи барқи Туркманистону Ӯзбекистон дар мавсими баҳору тобистон манбаъ изҳор дошт, ки миқдори он ба шароити обуҳаво дар ҷумҳурӣ вобаста хоҳад буд.
Тибқи маълумоти намояндаи ширкати «Барқи тоҷик», феълан масъалаи барҳам додани реҷабандии истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе ва сабук кардани маҳдудияти истифодаи он дар манотиқи кишвар мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста