Кӯлоб. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Шаби гузашта дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон ду корманди Агентии назорати маводи нашъадор ҳалок ва се марзбон захмӣ гардиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов хабар дод, задухӯрд дар наздикии деҳаи Сари Мазор рух дода, гурӯҳи қочоқбарони афғон тақрибан аз 30 нафар иборат будааст. «Марзбонони ҷароҳатбардошта дар ҳолати вазнин ба беморхона фиристода шуданд», - гуфт ӯ.
Иттилои ба ҳалокат расидани ду корманди Агентии назорати маводи нашъадори назди президенти Тоҷикистонро сардори ситоди агентии мазкур Фахриддин Ҷонмаҳмадов тасдиқ кард. Ба гуфтаиӯ, феълан ба ҷои ҳодиса гурӯҳи тафтишотии сохторҳои қудратӣ сафарбар шудааст. Дар бораи ҷузъиёти дигари ҳодиса алҳол чизи дигаре хабар дода нашуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста