Душанбе. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар ҷараёни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо мушовир оид масоили тиҷорату энергетикаи сафорати Чин дар Тоҷикистон Ван Чунган масоили густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, раиси палатаи савдои кишвар таъкид сохт, ки баргузории Намоишгоҳи миллии Чин соли гузашта дар ҷумҳурӣ ба имзои беш аз 100 шартномаи ҳамкории дуҷониба мусоидат кард. «Дар доираи баргузории намоишгоҳи «ЭКСПО-2010» дар шаҳри Душанбе метавон ҳамоиши муштараки соҳибкорону тоҷирони кишварҳоро баргузор сохт», - гуфт ӯ.
Дар навбати худ, мушовири сафоратхонаи Чин зикр сохт, ки роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаи пурсамар дар бахшҳоии энергетикаву сохтмони роҳҳо, коммуникатсия ва соҳаи кишоварзӣ гувоҳи онанд, ки муносиботи ҳамкориҳо миёни кишварҳо дар ҳоли густариш қарор доранд. Дар ҷараёни мулоқот оид ба табодули итттилоот дар бораи маҳсулоти содиротӣ аз Тоҷикистон тавофуқ ҳосил гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста