Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Душанбе реҷабандии истифодаи барқ, ки аз 27-уми январ ҷорӣ гардида буд, ба охир расид. Шурӯъ аз 27-уми феврал ба пойтахт шабона низ барқ бидуни маҳдудият интиқол дода мешавад.
Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чунин иқдом ба туфайли барқарор сохтани транзити интиқоли барқи Туркманистон тавассути низоми энергетикии Ӯзбекистон ва интиқоли барқи истеҳсоли Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ муясаар гаштааст.
Ба иттилои манбаъ, феълан ҷиҳати афзоиши ҳаҷми интиқоли барқ ба манотиқи кишвар ҳукумати ҷумҳурӣ реҷаи интиқоли онро таҳия месозад. «Агар мо захираҳо пайдо намоем, табиист, ки ҳаҷми интиқоли барқ ба минтақаҳоро зиёд хоҳем кард, вале аллакай шурӯъ аз имрӯз баҳри сабуктар гардонидани реҷабандии истифодаи барқ дар минтақаҳо чораҳо андешида мешаванд», - гуфт манбаъ.
Айни замон шабонарӯзӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 13 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид мегардад, ки беш аз 10 млн. кВт/соаташ ба Туркманистон рост омада, боқимонда барқи Ӯзбекистон мебошад. Дар дохили ҷумҳурӣ шабонарӯзи гузашта 19,7 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардид. Феълан мизони ҷоришавии об ба обанбори нерӯгоҳи Норак 166 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад. Сатҳи об дар обанбори бузургтарини ҷумҳурӣ айни замон 858,19 метрро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста