Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» - Қочоқбарони афғон дар макони задухӯрди мусаллаҳона, ки шаби 28-уми феврал дар ноҳияи наздисарҳадии Шӯрообод ба вуқӯъ пайваст, беш аз 60 кило маводи мухаддирро боқӣ гузоштанд.
Тавре сардори маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Саъдулло Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, миқдори бештари маводи мухаддирро афюн ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки бар асари задухӯрди мусаллаҳона ду корманди агентии мазкур ба ҳалокат расида, се нафар марзбонони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ҷароҳат бардошта буданд. Задухӯрд дар наздикии деҳаи Сари Мазор рух дода, гурӯҳи қочоқбарони афғон тақрибан аз 30 нафар иборат будааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста