Душанбе. 3-юми март. ОИ «Азия-Плюс» - Ахири ҳафтаи гузашта сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон ва Ҳамоҳангсози кӯмаки хориҷии Амрико ба Аврупо ва Авруосиё Дэниел Розенблюм аз шаҳри Қӯрғонтеппа боздид ба амал оварданд.

Тавре ёвари корманди масъул ба матбуоти сафорати ИМА дар Тоҷикистон Нигина Алиева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, онҳо дар маросими анҷоми муваффақонаи лоиҳа оид ба омӯзиши риояи талаботи гигиенаи шахсӣ ва санитария ( PHASE II ), ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ дастгирӣ мешавад, иштирок карданд.

Н.Алиева мегӯяд, дар доираи татбиқи лоиҳа 456 нафар толибилмон тарзи омӯзиши асосҳои гигиена, 675 аъзои кумитаи рушди деҳот бо методикаи тарзи тағйири рафтор омӯзонида шуданд. «Дар чаҳорчӯбаи амалисозии марҳилаи аввалу дуввуми лоиҳа 20 адад ҳоҷатхонаҳо ва 12 хонаи шустушӯӣ бунёд карда шуданд», - афзуд ӯ.