Душанбе.3-юми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дар қаламрави Тоҷикистон пахши барномаҳои шабакаи телевизионии «РТР-Планета»-и Русия боздошта шуд.

            Тавре мудири кулли ҶСК «Телерадиоком»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Сӯҳроб Алиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, шурӯъ аз имрӯз бинобар ҳал нагардидани масъалаи зиёд кардани тарофаҳои пардохти хизматрасонии техникии ҶСК»Телерадиоком» пахши барномаҳои ин шабака қатъ мегардад.

            Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20-уми январ раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ Асадулло Раҳмонов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошта буд, ки шабакаи телевизионии «РТР-Планета» барои хизматрасониҳои техникӣ дар соли 2008 дар назди ҶСК «Телерадиоком» ба маблағи 4 млн. 800 ҳзор рубли русӣ қарздор шудааст.

            Номбурда гуфт, шабакаи мазкур қарзи соли гузаштаро пардохт намуд, вале барои соли 2009 то ҳанӯз шартномаро ба имзо нарасонидааст. «Муддати ду моҳ бидуни шартнома мо пахши барномаҳои шабакаро дар Тоҷикистон таъмин сохтем», - гуфт ӯ.

            Ба гуфтаи С.Алиев, якуним моҳ қабл онҳо унвонии раҳбарияти шабакаи «РТР-Планета» нома ирсол дошта, хоҳиш кардаанд, ки миқдори маблағи хизматрасонии техникӣ 50 дарсад афзуда шавад ва дар сурати ҳал нагардидани масъала аз 1-уми март пахши барномҳои шабакаро қатъ месозанд. «Чун посухе ба ин мактуб дстрас накардем, маҷбур шудем, ки пахши барномаҳои шабакаро боздошт намоем», - гуфт ӯ ва афзуд, ки агар ояндаи наздик масъалаи молиявӣ ҳал гардад, пахши барномаҳои шабакаи Русия барқарор хоҳад шуд.