Душанбе. 3-юми март. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар ҳузури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки муовинон, раисони ноҳияҳои пойтахт ва намояндагони мақомоти хифзи ҳукуқи шаҳр машаварати корӣ баргузор шуд.
Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа ба масъалаи истифодаи оқилонаи заминҳои ҷудогардида дар пойтахт таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид. «Ба сарраёсати ободонии пойтахт ҷиҳати пурзӯр намудани назорат аз болои истифодаи оқилонаи заминҳо новобаста аз шакли моликият супоришоти мушаххас дода шуд», - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин раиси шаҳр ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки дар сурати муроҷиати корхонаву ташкилот ҷиҳати гирифтани иҷозатнома барои иҷораи замин, ба онҳо мусоидат карда шавад. «Барои назорати фаъолият ва таъмини кори мунтазами нақлиёти ҷамъиятӣ истифодаи имкони ҷомеа ва ВАО мувофиқи мақсад дониста шуд», - афзуд Ш.Саидов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста