Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси созмони ҷамъиятии «Маркази солимии равонӣ ва бемории ВИЧ/СПИД» бо иштироки пешвоёни дини пойтахт ва шаҳри Кӯлоб ҳамоиш баргузор мешавад.
Тавре аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабинии мазкур бо дастгирии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон
ба номи Имоми Аъзам» доир гардида, аз ҷониби Созмони байнулмилалии
Central
Asia
дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи «Ислом тамғагузорӣ ва табъизи шахсони гирифтор ба бемории ВИЧ/СПИД-ро маҳкум месозад» маблағгузорӣ мешавад. «Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш – мусоидат ба пешгирии ин падидаи номатлуб мебошад», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои срчашма, пешвоёни дин тавассути зоҳир сохтани ташаббус ва истифода аз нуфузи худ миёни ҷомеа қодиранд дар роҳи пешгирии ин беморӣ ва дигар падидаҳои номақбул, аз қабили нашъамандӣ низ саҳм бигиранд. Қобили зикр аст, ки барои огаҳиии бештар бо намояндагони дин оид ба ин мавзӯъ беш аз 30 тренинг гузаронида шуда, сипас онҳо мустақилона дар ин хусус бо аҳли ҷомеа сӯҳбатҳо барпо сохтанд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти расмӣ, ба санаи 1-уми январи соли 2009 дар Тоҷикистон 1422 нафар бемори мубтало ба ВИЧ/СПИД ба қайд гирифта шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста