Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз ҳайати ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон ҷиҳати барррасии масъалаи барқарор сохтани хатсайри ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон озими шаҳри Тошканд гардид.
Тавре сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ширкати ҳавопаймоии кишвари ҳамсоя аз ҳайати Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки дар гуфтушунид оид ба масъалаи ташкил намудани хатсайри ҳавоӣ миёни кишварҳо ширкат варзад.
Н.Давлатова мегӯяд, натиҷаҳои гуфтушунид дар Тошканд чанде баъдтар маълум хоҳанд шуд.
Ёдрас мекунем, ки хатсайри ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳанӯз соли 1992 қатъ гардида буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста