Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Мақомоти раҳбарии ҶСК «Агроинвестбонк» имрӯз унвонии ҳукумати кишвар мактуб ирсол намуда, дархост хоҳад намуд, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои ҳукуматӣ, ки соли гузашта тавассути ин бонк ба хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор ҷудо гардида буд, дароз карда шавад.
Тавре директори департаменти таҳлилии бонк Ҷалил Таваккалов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, иқдоми мазкур ба он хотир сурат мегирад, ки аксари хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон бар асари коҳиши арзиши нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ дар фурӯши маҳсулоти худ ба душворӣ мувоҷеҳанд ва қодир нестанд, ки то 1-уми апрел қарзро пурра пардохт намоянд.
Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба ин масъала барои ҷамъоварии маблағи боқимондаи қарз, ба тавозуни бонк гузаронидани гувоҳномаи истифодаи замин ва амволи ба гарав гузоштаи хоҷагиҳо ва ташкили фурӯши он ба бонк вақти муайяне зарур аст. «Аз ин рӯ, бонк аз ҳукумат дархост хоҳад намуд, ки мӯҳлати пардохти қарзҳо то ахири сол дароз карда шавад», - гуфт ӯ.
Ҷ.Таваккалов мегӯяд, аз 50 млн. сомонӣ қарзи Вазорати молия, ки соли гузашта тавассути бонк ба хоҷагиҳо ҷудо гардида буд, то имрӯз 14 млн. сомониаш баргардонида шуд. «Дар маҷмӯъ бошад, айни замон хоҷагиҳои деҳқонии кишвар дар назди бонк ба маблағи 96 млн. сомонӣ қарздоранд, ки 60 млн. сомониаш воситаҳои бонк мебошанд», - афзуд вай.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста