Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - ҶСК «Тоҷиктрансгаз» як қисми маблағи қарзи «Узтрансгаз»-ро пардохт намуд.
Тавре директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Саидмаҳмад Шарофиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, корхона як қисмате аз маблағи қарзро, ки 4,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ба «Узтрансгаз» пардохт кардааст.
С.Шарофиддинов мегӯяд, айни замон қарзи корхона дар назди ширкати Ӯзбекистон барои истифодаи газ ба 14 млн. доллари амрикоӣ баробар аст. «Корхонаҳои бузурги кишвар қарзҳои моро пардохт намуданд ва ба мо муяссар шуд, ки қисми қарзи ширкати кишвари ҳамсояро низ ҳисоббаробарӣ созем», - гуфт вай.
Дар мавриди интиқоли газ ба ҷумҳурӣ директори генералии корхона зикр намуд, ки феълан дар як шабонарӯз ба кишвар 850-900 ҳазор метри мукааб газ ворид гардида, он ба аҳолӣ ва корхонаҳои «Талко» ва «Тоҷиксемент» интиқол дода мешавад. Бино ба иттилои манбаъ, бар асари норасоии сӯзишворӣ ҶСК «Тоҷиказот» аз фаъолият бозмондааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста