Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Хазинаи байнулмилалии асъор даъват мекунад, ҷиҳати пешгирии оқибатҳои ногувори марҳилаи саввуми бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ки акнун ба кишварҳои қашшоқ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир мерасонад, чораҳои таъхирнопазир андешида шавад. Дар ин бора дар иттилоияи чанде қабл интишоргаштаи ХБА хабар дода мешавад.
Дар робита ба интишори гузориши нави ХБА «Оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба кишварҳои даромадашон паст» намояндаи мақомоти раҳбарии Хазина Доминик Стросс Канн изҳор доштааст, ки акнун марҳилаи саввуми бӯҳрони молӣ ба кишварҳои қашшоқ асар хоҳад гузошт ва аз давлатҳои мададрасон даъват ба амал овардааст, ки баҳри пешгирии оқибатҳои ногувори бӯҳрон ва аз даст надодани дастовардҳои ба мушкилӣ ноилгардидаи ин кишварҳои осебпазир кӯмаки таъҷилӣ расонида шавад.
Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқоти доирнамудаи ХБА имкон фароҳам сохтааст беш аз 20 кишвари қашшоқи махсусан осебпазир муайян карда шавад ва ба кишварҳои мавриди зарари бештар қароргирифта соли равон бояд ҳадди аққал 25 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ карда шавад. Номбурда таъкид сохтааст, ки кишварҳои мададрасонро зарур аст, ҳаҷми маблағҳои кӯмакро афзоиш диҳанд, зеро коҳиши ҳаҷми кӯмакҳо ба вазъи суботи сиёсиву иҷтимоии кишварҳои даромадашон паст таъсири манфӣ гузошта метавонад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста