Душанбе. 6-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Мутахассисони Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз гурӯҳи кории комиссияи байниидоравии зиддибӯҳронӣ оид ба таҳияи нақшаи зиддибӯҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ дархост карданд, ки таҳияи дубораи нақша зудтар анҷом дода шавад.
Директори пажӯҳишгоҳ, доктори улуми иқтисод, профессор Нуриддин Қаюмов мегӯяд дар ҳамаи кишварҳои узви ИДМ чунин барнома кайҳо таҳия шуда, ба амалисозии он таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад, вале танҳо дар Тоҷикистон он ҳанӯз рӯи кор гирифта нашудааст, ҳарчанд гурӯҳи кории таҳияи чунин барнома ҳанӯз ахири соли гузашта ташкил гардида буд. «Гурӯҳи кории таҳияи нақшаи зиддибӯҳронӣ танҳо баъди оне, ки онро ба коркарди дубора фиристоданд, назари коршиносони пажӯҳишгоҳро пурсон шуд ва шахсони масъули онро таҳиякарда мавриди интиқоди сарвари давлат қарор гирифтанд. «Мо пешниҳоду хулосаҳои худро ба гурӯҳи корӣ ирсол намудем», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Н.Қаюмов, онҳо пешниҳод сохтаанд, ки ҳаҷми андоз аз арзиши изофа барои маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум кам гардида, барои молу маҳсулоти дуввумдараҷа афзоиш дода шавад. Ҳамчунин тавсия дода шудааст, ки тарофаҳои кашонидани бор, хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва истифодаи барқ муваққатан зиёд карда нашавад.
Н.Қаюмов хотиррасон кард, ки аллакай як қатор созмонҳои байнулмилалии молиявӣ баҳри дастгирии Тоҷикистон дар замони бӯҳрони молӣ маблағ ҷудо кардаанд ва мебояд барои назорат аз болои масрафи маблағҳои ҷудогардида комиссияи мустақилеро таъсис дод.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста