Душанбе. 6-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Сандуқи қарзии ҶСК «Агроинвестбонк» ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 72 млн. сомонӣ камтар гардид.
Тавре директори департаменти маълумоту таҳлилии бонк Ҷалил Таваккалов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, агар сандуқи қарзии бонк 30-юми сентябри соли гузашта 573 млн. сомониро ташкил медод, ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ он ба 501 млн. сомонӣ баробар шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии қарзи додаи бонк аз оғози сол 47 млн. сомониро ташкил дода, 25,4 млн. сомонии он қарзҳои хурд мебошанд ва ин дар ҳолест, ки дар ду моҳи соли гузашта ҳаҷми қарзи ҷудогардида муодили 196 млн сомонӣ буда, 50 млн. сомонии он қарзҳои Вазорати молия барои маблағгзории хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор буд.
Ҷ.Таваккалов сабаби коҳиши ҳаҷми сандуқи қарзиро ба бӯҳрони молӣ ва кам гардидани ҳаҷми маблағи қарзҳое, ки ба бонк муассисаҳои моливии байнулмилалӣ ҷудо мекунанд, вобаста медонад. «Мақомоти раҳбарии бонк бо шариконии хориҷии худ сраи ин масъала гуфтушунид дорад ва боварӣ дорем, ки аллакай шурӯъ аз моҳи апрел ҳаҷми маблағҳои қарзӣ афзуда хоҳанд шуд», - гуфт вай.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста