Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти раиси раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» Ниёзмурод Саидмуродов бо Дабири кулли Иттиҳодияи бонкии кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ Иштван Лендел масъалаи роҳандозии муносиботи ҳамкориҳои дуҷонибаи минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз хадамоти матбуоти ҶСК «Агроинвестбонк» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, И.Лендел оид ба фаъолияти Иттиҳодияи бонкии кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ мухтасар маълумот дода, қайд кард, ки феълан 52 бонк аз 30 кишвари дунё шомили иттиҳодия буда, тавозуни асъории муштараки бонкҳои узви иттиҳодия беш аз 2 млрд. Евроро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи И.Лендел, сиёсати иттиҳодия ба мусоидат ҷиҳати роҳ ёфтани бонкҳои Аврупои Марказиву Шарқӣ ва кишварҳои узви ИДМ ба бозорҳои байнулмилалӣ, ҷалби воситаҳо аз ин бозорҳо , табодули таҷрибаву дониш оид ба фанновариҳои муосири бонкӣ ва омода сохтани кадрҳо дар ин бахш нигаронида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар навбати худ Н.Саидмуродов изҳор доштааст, ки ҶСК «Агроинвестбонк» пеши худ мақсад гузоштааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибаро бо иттиҳодияи мазкур роҳандозӣ намуда, дар барномаҳои татбиқшавандаи он фаъолона ширкат варзад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста