Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Нимаи аввали имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи байнулмилалии занон ва Рӯзи модар ҷамъомади ботантана доир мегардад. Тибқи фармои президенти Тоҷикистон, аз ин ба баъд 8-уми март дар Тоҷикистон ҳамчун ҷашни Рӯзи модар низ таҷлил хоҳад шуд.
Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ, ба ҷамъомад намояндагони ҳаракатҳову созмонҳои занон, зиёиёни эҷодкор, парлумон ва ҷавонон даъват карда шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар оғози чорабинӣ муовини нахуствазири кишвар Руқия Қурбонова паёми табрикии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин қироат намуд. «Дар фарҷоми ҷамъомад бо иштироки устодони санъати Тоҷикистон консерт баргузор мешавад», - афзуд сарчашма.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста