Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Маркази иттилооти СММ бо истинод ба гузориши ҳамасолаи Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) хабар медиҳад, ки бӯҳрони моливу иқтисодии сартосарӣ ба афзоиши мизони бекорӣ миёни занон боис мегардад.
Ба иттилои манбаъ, мувофиқи гузориши СБМ, соли равон имкон дорад 22 млн. нафар занон дар ҷаҳон аз кори хеш маҳрум шаванд. Гузашта аз ин, коршиносони СБМ пешгӯӣ мекунанд, ки соли 2009 мизони бекорӣ миёни занон ба нишондиҳандаи рекордӣ - 7,4 дарсад (дар байни мардон – 7 дарсад) баробар мешавад ва аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки нобаробарии даромади мардону занон торафт зиёдтар хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки таъсири тамоили мазкур дар минтақаҳо яксон нахоҳад буд. Тибқи пешгӯии коршиносони СБМ, ин тамоил дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ бештар суурат гирифта, асари он дар кишварҳои аз ҷиҳати саноатӣ рушдёфта ва давлатҳои ИДМ камтар эҳсос хоҳад шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста