Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз ба ифтихори ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик ҳудуди 100 нафар рӯзноманигорони беҳтарини тоҷик бо унвону ҷоизаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Тавре роҳбари дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нимаи дуввуми имрӯз дар бинои Филармонияи давлатӣ ба ин муносибат чорабинии ҷашнӣ баргузор мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, 23 нафар рӯзноманигор соҳиби нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанг», 55 нафар бо унвони «Аълочии матбуот» ва боз 10 нафар намояндагони ВАО барои саҳми арзанда дар рушди васоити ахбори умум бо ифтихорномаҳо қадронӣ мегарданд.
Ғайр аз ин, ба қавли котиби масъули Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров, имрӯз ҳамчунин 5 нафар ғолибони ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва ҷоизаи В.Асрорӣ миёни донишҷӯён эълон карда мешаванд. Соли равон донишҷӯи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ёқуб Ҳалимов сазовори ҷоизаи В.Асрорӣ дониста шуд.
Бо анҷоми қисмати тантанавии чорабинӣ бо иштироки устодони санъати ҷумҳурӣ консерт доир мегардад. Дар толори бинои Филармонияи давлатӣ намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти чопӣ - китобу рӯзнома ва маҷаллаҳо низ барпо мешавад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, феълан дар Тоҷикистон 170 номгӯи рӯзнома, 74 маҷалла ва 6 оҷонсии иттилоотӣ ба қайд гирифта шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста