Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Соли равон кишоварзони тоҷик майдони кишти зироатҳои барвақтиро зиёд карданд: имсол онҳо ният доранд дар майдони 6 ҳазору 50 гектар сабзавоти барвақтӣ ва дар майдони 3 ҳазору 250 гектар картошкаи барвақтӣ кишт намоянд.

Тавре сардори раёсати рустанипарварии вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Саидмурод Баҳриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, то имрӯз кишти сабзавоти барвақтӣ дар 5 ҳазору 734 гектар ва картошкаи барвақтӣ дар 1 ҳазору 492 гектар гузаронида шудааст, ки 95 дарсади ҳаҷми пешбинишударо ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла пиёз дар масоҳати 4,6 ҳазор гектар, карам дар 170 гектар , сабзии барвақтӣ дар 636 гектар ва дигар зироатҳо дар 320 гектар кишт карда шудаанд. «Феълан дар вилояти Хатлон дар беш аз 3,5 ҳазор гектар, дар вилояти Суғд дар 1 ҳазору 218 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи марказ дар 900 гектар кишти зироатҳои барвақтӣ гузаронида шудаанд», - афзуд ӯ.