Хоруғ. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дар моҳҳои январ-фервали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ аз хориҷи кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб ба андозаи 900 ҳазор доллари амрикоӣ коҳиш ёфт.
Тавре муовини раиси ВМКБ Азиз Гиёев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба вилоят беш аз 2 млн. 997 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 898 ҳазор $ камтар аст.
А.Гиёев мегӯяд, коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба бӯҳрони молӣ ва бекор мондани муҳоҷирони меҳнатии вилоят дар Русия вобаста аст. «Имрӯз ба замми бекор мондани аксари муҳоҷирони меҳнатӣ, ба муҳоҷирони меҳнатии бо ҷойи кор таъмин муддати чанд моҳест, ки маош пардохта намешавад», - гуфт ӯ.
Тибқи маълумоти Раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилоят, беш аз 24 ҳазор ё 12 дарсади аҳолии ВМКБ дар хориҷи кишвар қарор доранд ва 23 ҳазори онон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста