Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти роҳбари ин агентӣ Рустам Назаров бо ҳайати САҲА таҳти роҳбарии сармушовири милиса дар назди дабири куллии ин созмон Кевин Карти баргузор шуд.
Тавре сардори шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ Саъдулло Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаро хуб арзёбӣ намуданд. «Рустам Назаров аз дастгирии САҲА дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба намояндаи созмон изҳори миннатдорӣ карда, ҳамчунин меҳмононро бо фаъолияти агентӣ ва вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақа ошно сохт», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи С.Раҳматуллоев, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи дар заминаи агентӣ барои кормандони мақомоти мубориза бо маводи нашъаовари Афғонистон ташкил намудани курсҳои бозомӯзиро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста