Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Душанбе рӯзи сешанбе, 17-уми март феҳристи электронии 500 дастхати қадима бо забони форсӣ-тоҷикӣ (алифбои форсӣ), русӣ ва англисӣ
муаррифӣ мегардад.
Тавре аз Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабинии мазкур дар ҳамдастӣ бо Донишкадаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи улуми ҶТ созмон дода шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, муаррифиномаи феҳристи мазкур кӯшиши аввалинест баҳри шиносоии оммаи васеъи хонандагону пажӯҳишгарон бо осори хатти қадима аз марказҳои нигаҳдории осори хаттии ҷумҳурӣ - Донишкадаи шарқшиносии ба номи А.Мирзоев (380 дастхат) ва Китобхонаи миллии ба номи Фирдавӣ (120 дастхат) мебошад, ки фарогири масоили гунонугунҷабҳаанд. «Дар феҳристи электронӣ номгӯи китоб, муаллифи он, санаи тартиб додани дастхат, мавзӯъ ва мундариҷаи он, таърих ва макони дарёфт, шумори
саҳфаҳо ва ғайра дарҷ ёфтааст», - гуфт манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста