Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мулоқот бо соҳибкорони пойтахт изҳор дошт, ки соҳибкорон бояд баҳри дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ҷасурона амал намоянд ва агар фаъолияти онҳо тибқи қонун роҳандозӣ гардида бошад, ӯ ҳамеша ба дастгирӣ омода аст.
М.Убайдуллоев гуфт, ояндаи наздик фаъолияти «Маркази ҷавонни пойтахт» ба ҳалли мушкилоти соҳибкорону тоҷирон нигаргнида шуда, он «Маркази тиҷоратии пойтахт» ном хоҳад гирифт, то ки соҳибкорон имкон пайдо намоянд дар он ҷо мушкилоти худро сарҷамъона ҳал созанд. Раиси пойтахт таъкид сохт, ки феълан мебояд истеҳсолкунандагони ватаниро дастгирӣ намуд, зеро таносуби содироту воридоти ҷумҳурӣ соли гузашта 4,5 ба 95,5 дарсадро ташкил дода, маблағи содирот ба 18,2 млн. ва воридот беш аз 300 млн. доллари ИМА баробар шудааст.
Раиси шаҳри Душанбе аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки ба сохтмони муассисаҳои истеҳсолии нав сармоягузорӣ намоянд, зеро айни замон масъалаи таъмини шаҳрвандон бо ҷойи корӣ мушкил аст ва тибқи маълумоти оморӣ, 40 дарсади захираҳои меҳнатии шаҳр аз фаъолият барканоранд.
Дар мавриди бӯҳрони молӣ М.Убайдуллоев зикр кард, ки «мо, ки низоми тоталитарии шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандиро паси сар намудем, бӯҳрони молиро низ таҳаммул хоҳем кард». «Бӯҳрони молӣ падидаи муваққатӣ аст ва ман мутмаинам, ки ояндаи наздик рушди бомароми иқтисоди ҷумҳурӣ таъмин хоҳад гашт», - афзуд раиси пойтахт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста